Ҷӯянда ёбанда аст
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – 20 – 25 сол қабл бидуни ноҳияи мурғоб дар навоҳии дигари Бадахшон харбузаву тарбузи хеле лазиз, помидору бодиринг фаровон буд. Солҳои охир касе ба ин аҳамият намедод. Хурсандибахш аст, ки имсол сокини ноҳияи Ишкошим Ҷумъабой Ҳайдаров харбуза кишт намуда ва ҳосили фаровон ҳам ба даст овард. Ҷумъабой, ки кишоварзи дорои маълумоти олист, гуфт, ки бидуни ноҳияи Мурғоб, ки иқлимаш хеле хунук аст, дар навоҳии дигари вилоят харбузаву тарбуз сари вақт мепазад ва ҳосили хубе ҳам медиҳад. Бошад, ки бо ин гоми хайри Ҷумъабой Ҳайдаров кишти харбузаву тарбузи лазизи Бадахшон дар вилоят боз оғоз гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






