Ҷаласаи 10-уми Шўрои сарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ

Октябрь 19, 2011 16:14

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонклуова).- 21 октябр дар Душанбе ҷаласаи 10-уми  Шўрои  сарони мақомоти Хадамоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони мақомоти муҳоҷирати Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон, Украина, инчунин Тоҷикистон ҷамъ меоянд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар рўзномаи ҷаласа баррасӣ ва таҳлили зиёда аз 12 масъала доир ба ҳолати муҳоҷират дар давлатҳои иттиҳод ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласаи роҳбарони Хадамоти мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ баррасии  масъалаҳо оид ба татбиқи қарорҳои Шўрои сарони давлатҳо, Шўрои сарони Ҳукуматҳо, Шўрои вазирони  корҳои хориҷии ИДМ дар самти муҳоҷират,   татбиқи Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар  мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009-2011,  ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ бо созмонҳои миллӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ,  бо мақсади  ҳимоя ва дастгирии  шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар давлатҳои Иттиҳод  фаъолияти муваққатии меҳнатӣ мекунанд, дар назар аст. 

Октябрь 19, 2011 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд