Ҷаласаи кории Тоҷикистону Беларус дар Душанбе

Октябрь 26, 2011 11:52

Душанбе, 26 октября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз ҷаласаи шӯрои кории Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои байни палатаҳо, масоили ҳамкорӣ дар бахши бонкӣ, расонидани мебели Беларус ба Тоҷикистон ва ташкил намудани корхонаҳои муштаракро муҳокима менамоянд.Баргузории ҷаласа, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон, ки 27-29 октябр сурат мегирад, рост меояд.Интизор меравад, ки Александр Лукашенко дар ҷараёни сафараш бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом медиҳад. Роҳбарони давлатҳо масоили густариши муносибатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин имзои чандин санади дуҷониба дар назар аст.

Октябрь 26, 2011 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад