Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё. Занозанӣ дар майдон.
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). — Дар дидори даври нимниҳоии лигаи қахрамонҳои Осиё рӯзи чаҳоршанбе дар майдони шаҳри Сувони Куриёи Ҷанубӣ бо ширкати дастаҳои «Сувон Самсунг Бловинс» ва «Ал-Садд»- и Қатар дар дақиқаи 82 – юми вохӯрӣ занозании байниҳамдигарии футболбозон рух дод. Баъди он, ки ҳамлагари дастаи « Ал-Садд» Мамаду Ниянг тӯби дувуми худ ва дастаашро ба тӯри дарвозаи соҳибони майдон равон кард, футболбозони дастаи «Сувон Самсунг Бловинс» эътироз баён карда, ба лату кӯби футболбозони дастаи «Ал- Садд» шурӯъ карданд. Ин ҷангу низоъ тақрибан 10 дақиқа давом кард. Дар натиҷа довар бозингар Кейтаро аз дастаи «Ал Садд» ва Ристичро аз «Сувон Самсунг Бловинс» аз майдон ронд. Дар дақиқаи 96 –ум муаллифи ду тӯб Мамаду Ниянг низ барои ду корти зард майдонро тарк гуфт. Дар вохӯрии дуюми нимниҳоӣ « Ал-Иттиҳод» -и Арабистони Саудӣ дар майдони худ аз «Чонбук Ҳундай Моторс» -и Куриёи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2 бар 3 мағлуб шуд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 26-октябр баргузор мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






