Ба Қонуни мубориза ба коррупсия тағйирот ворид мегардад
Душанбе, 10 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии парлумон мамлакат ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯро Санади Женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намудҳои саноатӣ, лоиҳаҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Ашӯрбек Расулов»-ро муҳокима намуданд. Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов, Амир Катаев ва дигар аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои зикршударо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи нафақахӯрон, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, густариши соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, инкишофи соҳаи саноат ва мутобиқ намудани маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






