«Барқи тоҷик»: Дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ нашудааст

Октябрь 4, 2011 15:51

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Маркази матбуоти ШСКХ «Барқи тоҷик» ба иттилои мардуми кишвар мерасонад, ки дар ҶТ маҳдудияти расмии интиқоли барқ, ки ҳар сол аз тарафи Ҳукумати ҶТ тасдиқ мегардад, ҷорӣ нашудааст. Тез-тез хомӯш шудани нерӯи барқ дар ин ё он гӯшаи кишвар ба корҳои беҳдоштӣ  ва напардохтани ҳаққи нерӯи барқ вобаста аст.ШСКХ «Барқи тоҷик» барои то фарорасии хунукиҳо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани сатҳи обанбор, ки захираи асосии нерӯи барқи кишвар ба шумор меравад ва сарфакорона истифода бурдани ҳар сантиметр оби он ба зерсохторҳои худ дастур додааст, ки шабона дар ҷойҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим мавҷуд нестанд, интиқоли барқро қатъ намоянд.Барои пурра аз ҳисоби маҷрои дарёи Вахш кор кардани нерӯгоҳи Норак ва дигар нерӯгоҳҳои поёнтар  аз он ҳаҷми об бояд дар як сония 600-650 метри мукаабро ташкил намояд. Алҳол маҷрои Вахш дар ҳар сония 400-420 метри мукаабро ташкил медиҳад ва дар ҷумҳурӣ алаккай истифодаи обанбор шурӯъ шудааст. Барои муқоиса соли гузашта истифодаи обанбор аз 27 октябр оғоз ёфта буд.Хотирасон менамоем, ки 10 метри кубӣ кам шудани ҳаҷми маҷрои об ба кам шудани 750 ҳазор киловатт (кВт) нерӯи барқ баробар аст. Бунёди НБО-и «Сангтӯда-1», агрегати аввали НБО-и «Сангтӯда-2» ва ҳам зиёда аз 250 нерӯгоҳҳои хурд ба вазъи умумии таъмини кишвар таъсири ҷиддии мусбат расонида, аз дастовардҳои кишвари мо дар соҳаи энергетика ба шумор мераванд. Вале инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки сол то сол, баробари рушди иқтисоди кишвар ва беҳбудии ҳаёти мардум талабот ба нерӯи барқ меафзояд. Аз тарафи дигар, пеш мо ба Системаи ягонаи электроэнергетикаи Осиёи Марказӣ шомил будему дар ҳолатҳои душвор ба кӯмаки ҳамсояҳо умед бастан мумкин буд. Ҳоло ягона умеду такягоҳамон иқтидорҳои худӣ ва захираи обанбори Норак аст.Дар бораи вазъи имсола бояд ҳаминро қайд намуд, ки агар зимистон муқаррарӣ гузашта, табиат носозгорӣ пеш наорад, таъминот бо барқ аз соли гузашта бадтар нахоҳад буд.

Октябрь 4, 2011 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт