Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Октябрь 10, 2011 15:44

Душанбе, 10  октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). – Аз 11 то 12  октябр  дар  Кумитаи  иҷроияи ИДМ дар  шаҳри  Минск маҷлиси гурӯҳи  коршиносон  оид ба мутобиқати лоиҳаи Стратегияи  рушди  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиши давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  баргузор  мегардад. Тавре  хадамоти  матбуоти Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  иттилоъ  медиҳад,  роҳбарони  кишварҳои  Иттиҳод  рушди  тарбияи  ҷисмонӣ ва  варзиш,  ҳамчунин густариши  нерӯи маънавию  ҷисмонии инсонро  ба  ҳайси  яке  аз  авлавиятҳои  сиёсати  давлат  муайян  намудаанд.  Қарори  Шӯрои  сарони  давлатҳо  дар  бораи  соли  варзиш ва  тарзи  солими  зиндагии  сокинони   давлатҳои  аъзои  ИДМ эълон  кардани  соли  2012  боз  як далели  ин  аст. Шӯрои  оид ба  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш  дар  маҷлисе, ки  моҳи  апрели  соли  2011 дар  шаҳри  Боку  баргузор  гардид, ин ташаббусро  фаъолона  дастгирӣ  намуда,  ба Вазорати  варзиш,  туризм ва  сиёсати  ҷавонони  Федератсияи  Русия  супориш  дод, ки   лоиҳаи  Стратегияи  рушди  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзишро  тарҳрезӣ  намояд. Ин  ҳуҷҷат  ҷиҳати  мутобиқат ба  ҳукуматҳои давлатҳои  аъзои  ИДМ  ирсол  шудааст. Озарбойҷон, Қирғизистон ва  Русия  пешниҳод  ва  фикру  мулоҳизаҳояшонро  перомуни  он   баён  намудаанд, ки дар  маҷлиси  қарибулвуқӯи коршиносон  мавриди  муҳокима  қарор  мегиранд.

Октябрь 10, 2011 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад