Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 11 то 12 октябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносон оид ба мутобиқати лоиҳаи Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад, роҳбарони кишварҳои Иттиҳод рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамчунин густариши нерӯи маънавию ҷисмонии инсонро ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати давлат муайян намудаанд. Қарори Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи соли варзиш ва тарзи солими зиндагии сокинони давлатҳои аъзои ИДМ эълон кардани соли 2012 боз як далели ин аст. Шӯрои оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҷлисе, ки моҳи апрели соли 2011 дар шаҳри Боку баргузор гардид, ин ташаббусро фаъолона дастгирӣ намуда, ба Вазорати варзиш, туризм ва сиёсати ҷавонони Федератсияи Русия супориш дод, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тарҳрезӣ намояд. Ин ҳуҷҷат ҷиҳати мутобиқат ба ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ ирсол шудааст. Озарбойҷон, Қирғизистон ва Русия пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳояшонро перомуни он баён намудаанд, ки дар маҷлиси қарибулвуқӯи коршиносон мавриди муҳокима қарор мегиранд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






