Чармгарони Поён обод мешавад
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов, бо саршавии соли нави 2012 корҳои ободкорӣ дар маҳаллаи Чармгарони Поён оғоз меёбанд. Дар навбати аввал бунёди як бинои панҷошёна дар нақша аст, ки он дар ҷойи хонаи 20 оила сохта мешавад. Баробари ба истифода додани хонаи баландошёна беш аз 100 оила метавонад дар шароити беҳтару хубтар зиндагӣ намояд. Мақсад аз бунёди хонаҳои баландошёна аз соҳили дарёчаи Тебалай дуртар ҷой додан ва дар шароити бехавф зиндагӣ кардани мардуми ин маҳалла аст. Дар асоси қарори ҳукумати маҳаллӣ онҳое, ки хонаҳояшон ҳамагӣ 10 метр аз соҳили дарёча дуртар ҷой гирифтаанд, ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, бо замин барои сохтмон таъмин мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






