Дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ҳамбастагӣ мебояд

Октябрь 19, 2011 16:04

Душанбе, 19  октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додоев). – 18 октябри  соли  ҷорӣ дар  толори мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ВМКБ бо  ширкати  масъулини  Вазорати  корҳои дохилии  Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон таҳти  сарпарастии  муовини  вазири  корҳои дохилии ин  кишвар генерал —  полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ  нишасти  матбуотӣ баргузор  шуд, ки  дар  он  намояндагони  васоити  ахбори  бурунмарзӣ  ва  ҷумҳурӣ  иштирок  доштанд.  Тавре  Котиби  матбуотии  Агентии  давлатии  зидди  маводи  нашъаовари  назди  Президенти  Ҷумҳурӣ  Саъдуллоҳ Раҳматуллоев иттилоъ дод, мурод  аз ташрифи ҳайати  номбурда  таҳияи  механизми  табодули  маълумот ва  ахбори  фаврӣ  дар  бораи  тавлидгарону қочоқчиёни  маводи  мухаддир мебошад. Марзи байни  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон  1344 килограммро ташкил  медиҳад. Аз ин  лиҳоз иҷрои ин кор ҷиддияти бештареро  тақозо  дорад. Дар нишасти  матбуотӣ  қайд гардид,  ки  имсол ҳаҷми  кишти  маводи  мухаддир  нисбат ба  солҳои  қаблӣ  камтар  аст.  Масалан  агар  соли  2010 – ум  6900 кг.  маводи  мухаддир  истеҳсол шуда бошад, пас  соли  2011  ин рақам  3600  кг – ро  ташкил  дод.

Октябрь 19, 2011 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд