Донишгоҳи аграрӣ- муассисаи асосии таълими илми кишоварзии ҷумҳурӣ

Октябрь 8, 2011 10:55

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Дар даврони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Данғара филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Алҳол дар шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи филиали мазкур аз рӯи 8 ихтисоси соҳаи аграрӣ ва 2 ихтисоси омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ 1700 нафар ҷавонписарону духтарон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ба таълим фаро гирифта шуда, дар ду соли охир ин даргоҳро 265 нафар толибилмон хатм намуданд. Бо назардошти он ки Донишгоҳи аграрӣ муассисаи асосии таълими илми кишоварзии кишвар ба шумор меравад, бояд барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми арзанда дошта бошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷашни ҳаштодсолагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ зикр намуд, ки “Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, хавфи норасоии маводи ғизоӣ шиддат меёбад ва бинобар ин таъмини амнияти озуқаворӣ барои кишварҳои зиёди дунё аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуда истодааст, ки дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Чунин воқеият моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва ниҳоят ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем».Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори боварӣ ба дастпарварони ин даргоҳи муқаддаси илму маърифат гуфт, ки бо рӯҳу илҳоми тоза ва иродаи шикастнопазир илмҳои замонавиро аз бар кунанд ва барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, дастархони пурнозу неъмати мардум ва шукуфоиву ободии Ватан тамоми донишу малака ва нерӯи созандаашонро дареғ надоранд.

Октябрь 8, 2011 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад