Донишгоҳи аграрӣ- муассисаи асосии таълими илми кишоварзии ҷумҳурӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Дар даврони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Данғара филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Алҳол дар шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи филиали мазкур аз рӯи 8 ихтисоси соҳаи аграрӣ ва 2 ихтисоси омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ 1700 нафар ҷавонписарону духтарон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ба таълим фаро гирифта шуда, дар ду соли охир ин даргоҳро 265 нафар толибилмон хатм намуданд. Бо назардошти он ки Донишгоҳи аграрӣ муассисаи асосии таълими илми кишоварзии кишвар ба шумор меравад, бояд барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми арзанда дошта бошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷашни ҳаштодсолагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ зикр намуд, ки “Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, хавфи норасоии маводи ғизоӣ шиддат меёбад ва бинобар ин таъмини амнияти озуқаворӣ барои кишварҳои зиёди дунё аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуда истодааст, ки дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Чунин воқеият моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва ниҳоят ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем».Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори боварӣ ба дастпарварони ин даргоҳи муқаддаси илму маърифат гуфт, ки бо рӯҳу илҳоми тоза ва иродаи шикастнопазир илмҳои замонавиро аз бар кунанд ва барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, дастархони пурнозу неъмати мардум ва шукуфоиву ободии Ватан тамоми донишу малака ва нерӯи созандаашонро дареғ надоранд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






