Э. Раҳмон бинои нави таълимии факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграриро асос гузошт
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни ҳаштодсолагии таъсиси яке аз аввалин муассисаҳои таълимоти олии мамлакат- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иштирок намуд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати устодону толибилмони донишгоҳ барои саҳми бузургашон дар рушди илми кишоварзӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти пурсамари илмиву амалии онҳо амалӣ гардидааст, арзи сипос намуда дастпарварони донишгоҳро ба муносибати ҳаштодсолагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ва фарорасии яке аз пуршукӯҳтарин ҷашни ниёгонамон — иди Меҳргон табрик намуд.
Қобили зикр аст, ки солҳои истиқлолият дар донишгоҳ як силсила корҳои муайян дар ин самт сурат гирифтанд. Аз ҷумла, бо назардошти талаботи имрӯзаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар донишгоҳ ба тайёр кардани мутахассисони равияҳои нав оғоз намуданд. Агар то соли 1991 дар донишгоҳ аз рӯи 10 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд, имрӯз тарбияи мутахассисон аз рӯи 21 ихтисоси нав, аз ҷумла барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, селексия ва генетикаи зироати кишоварзӣ, заминсозӣ, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорводорӣ, маркетинги аграрӣ, ҷангалпарварӣ, пиллапарварӣ, экология, ҳифзи захираҳои обӣ, занбӯри асалпарварӣ, моҳипарварӣ, бунёди чаманзор ва геодезия ба роҳ монда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки то ин муддат аз рӯи ихтисосҳои зикршуда мутахассисон бо маблағҳои зиёд дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд.
Президенти кишвар зимни суханронии худ зикр намуд, ки «Нақшу вазифаи Донишгоҳи аграрӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз пеш меафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳими таркибии таъминкунандаи сиёсати пешгирифтаи аграрии мамлакат буда, бояд ҳарчи бештар нерӯи зеҳнии худро ба ин самт равона намояд. Зеро дар баробари омилҳои гуногун барои ба даст овардани ҳадафҳои муайянкардаи давлат дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши илму маориф хеле барҷаста аст».
«Қобили зикр аст, ки аҳамияти татбиқи ин иқдом дар яке аз барномаҳои муҳими таъминкунандаи рушди устувори мамлакат — Стратегияи рушди миллӣ низ равшану возеҳ дарҷ ёфтааст. Дар ин ҳуҷҷат зарурати ислоҳоти соҳаи аграрӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ шудааст»,-тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар худи ҳамин рӯз бинои нави таълимиро барои факултаи агробизнеси Донишгоҳ асос гузошт, ки он барои таъмини раванди босифати таълим заминаи боз ҳам мусоид фароҳам хоҳад овард.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






