Фиреби истеъмолкунанда ҷиноят аст

Октябрь 10, 2011 15:42

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ Шариф Бекназаров бо моддаи 294 КҶ ҶТ (фиреби истеъмолкунандагон) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.Бино ба гуфти ёрдамчии прокурори ноҳияи мазкур мушовири адлияи дараҷаи дуюм Мирзо Қурбонов ҳангоми санҷиши фурӯши сӯзишворӣ Шариф Бекназаров ба ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ – 2109, рақами давлатиаш 45- 97 РТ01 Ҳайдар Самиев бо зарфи худсоз (сатил) 10 литр бензини навъи АИ- 92-ро ба ҷойи  бензини навъи АИ – 95 фурӯхта.Оид ба 2 литр кам додани бензин дар иштироки шахсони холис санад тартиб дода шуд. Тибқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи маҳсулоти нафтии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои(АСМС НС) Ҳукумати ҶТ аз 5. 02. 2011 сӯзишвории навъи АИ – 95 аз рӯи нишондоди октанӣ  ба талаботи стандарти  давлатӣ (раками давлатӣ ГОСТ 1077- 2002) мутобиқат надорад. Бо назардошти он ки дар кирдори Ш. Бекназаров аломатҳои ҷиноятӣ  дар моддаи 209 қ.1 ва моддаи 294 КҶ ҶТ дида мешаванд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъди санҷиши  ҳаматарафа парванда  барои  баррасӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.

Октябрь 10, 2011 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад