Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои ИДМ

Октябрь 4, 2011 09:50

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 21-22 октябри соли 2011 дар шаҳри Киев Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Дар Форум масъалаҳои марбут ба чорабиниҳои муштарак вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу тарбия, илм ва инноватсия, фарҳанг ва санъат, дастгирии насли ҷавони Иттиҳод, экология ва ҳифзи муҳити зист ва туризми фарҳангию омӯзишӣ, варзиш ва ҳаёти солим дар ИДМ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.Чорабинии мазкур ҳар сол бо навбат дар давлатҳои аъзои ин созмон доир мегардад ва ба иштирокчиёни худ имконияти баррасии масъалаҳои рушди ҳамкории гуманитариро фароҳам меорад.Дар Форуми шашуми зиёиёни илмию эҷодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ дар назар аст. 

Октябрь 4, 2011 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст