Футбол. Ҷоми ҷумҳурӣ

Октябрь 20, 2011 11:36

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз бозиҳои нимниҳоии ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар майдони худ бо дастаи «Регар ТадАЗ» вохӯрда бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Дар вохӯрии дуввуми рӯз тими «Истиқлол» дар майдони худ бо дастаи «Энергетик» -и шаҳри Душанбе  вохӯриашро бо ҳисоби 3 бар 3 мусовӣ ҷамъбаст кард. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 22  октябр барпо мешаванд.     Дирӯз ҳамчунин бозиҳои даври 34 – уми мусобиқоти мамлакат  шурӯъ шуданд. Дастаи «Хайр» дар меҳмонӣ ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Дастаи «Парвоз» бо бартарии 3 бар 1 бар «Хуҷанд» пирӯз шуд.

Октябрь 20, 2011 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш