Хабарҳои кӯтоҳи варзишӣ дар пешниҳоди Аловиддин Бӯриев.
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Футбол: Дирӯз дар нахустин дидори даври 29-уми лигаи асосии Русия оид ба футбол «Зенит» ҳарифи худ «Волга»-ро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод. Дар идомаи бозиҳои ин давр имрӯз «ССКА» бо «Спартак» -и Налчик ва «Рубин» бо «Ростов» ба дидори ҳам мераванд. Даври 29- ум рӯзи 30 октябр бо вохӯрии «Том» бо «Динамо», «Криля Советов» бо «Терек» ба анҷом мерасад. Футбол: Дастаи футболи «Ню-Йорк Ред Буллс», ки дар он футболбози дастаи мунтахаби Франсия Терри Анри бозӣ мекунад, ба даври 1/4 финалии плей-оффи лигаи Асосии футболи Амрико баромад (MLS). Дар бозиҳои пешакӣ дастаи Ню-Йорк бар ҳарифи худ «Даллас» бо ҳисоби 2: 0 ғалаба кард ва акнун дар рақобатҳои 1/4 финалӣ бо дастаи Дэвид Бекҳэм «Лос-Анджелес Гэлакси» қувва хоҳад озмуд. Бозии аввал рӯзи 30-октябр дар Ню-Йорк ва бозии сонӣ рӯзи 3 ноябр дар Лос-Анҷелес мегузарад. Футбол: Сармураббии дастаи мунтахаби Камерун Хавер Клементе аз вазифааш озод карда шуд. Аз рӯи гуфти котиби генералии федератсияи футболи Камерун Сидики Томби ба даста мураббие зарур аст, ки зери таъсири гурӯҳи футболбозон намонад ва манфиаташ бештар бошад. Теннис: Мусобиқаи ҷамъбастии мавсими соли 2011 оид ба теннис миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия дар арафаи анҷомёбист. Дар даври сеюми бозиҳо теннисбози рус Вера Звонарева аз намояндаи Полша Агнешка Радванска дар се баст 6:1, 2:6, 5:7 мағлуб шуд. Дар идомаи ин бозиҳо тенисбози чех Петра Квитова теннисбози рақами яки ҷаҳон Каролина Вознятскиро бо ҳисоби 6:4 ва 6:2 шикаст дод. Виктория Азаренкои белорус бар намояндаи Чин На Ли 6-2, 6-2 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳодиса: Ғолиби Бозиҳои олимпии Сидней вазнбардори булғор Галабин Боевски дар Бразилия зиндонӣ шуд. Ҳангоми тафтиш дар фурудгоҳи Сан-Паулу аз Боевски 2 кг кокаин дарёфт карданд. Ёдрас бояд шуд, ки Галабина Боевски борҳост, ки мавриди ҷангу хархаша қарор мегирад. Соли 2003 барои истифодаи допинг ӯ аз иштирок дар мусобиқаҳо дур шуда буд.Пешомад: Рио-де Жанейро: Вазири варзиши Бразилия Орланду Силва барои гумонбарӣ дар ришвахӯрӣ аз мансаби худ истеъфо дод. Аз моҳи июн инҷониб Силва шашумин аъзои ҳукумати Бразилия аст, ки ба истеъфо рафтааст.Вохӯрӣ: Дар Монако панҷумин форуми байналмилалии «Варзиш ва сулҳ» бо ширкати 500 намоянда аз 100 давлати ҷаҳон оғоз гардид. Дар он варзишгарони шӯҳратёр, раисони федератсияҳо, тоҷирон ва сиёсатмадорон иштирок доранд. Чунин ҷамъомад соли оянда дар Русия гузаронида хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






