Хушксолӣ ба ғалла таъсири манфӣ расонид
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имсол майдони умумии кишти зироати баҳорӣ дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд 173 ҳазору 989 гектарро дар бар гирифта, баробари 104,7 фоизи сатҳи соли баробар аст. Аз ҷумла, майдони кишти пахта 65 402 гектар буда, нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору 140 гектар зиёд мебошад.Дар натиҷаи меҳнати муташаккилона то ин дам дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 2936,6 млн.сомонӣ расонида шуд, ки аз ин 2990,2 млн.сомониаш ба соҳаи растанипарварӣ ва 646,5 млн.сомонии дигар ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти соҳа 107,9 фоизро ташкил медиҳад.Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки хушксолии соли ҷорӣ ба ғалла таъсири манфӣ расонида, тибқи маълумоти оморӣ то 1 октябри соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 122 ҳазору 272 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,8 фоиз ё 89 399 тонна кам аст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






