Имконияти омӯзиши забони англисӣ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Шурӯъ аз имрӯз миёни муаллимони забони англисии мактабҳои пойтахт озмун баргузор мешавад, ки онро Маркази фарҳангии «Мултикид» бо дастгирии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудааст. Ин чорабинӣ дар доираи барномаҳои менторӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи тренинг кӯмак ба устодони забони англисӣ дар фаъолияти педагогии онҳо ва ошно шудан бо тамоюли муосири усули омӯзиши забони англисӣ мебошад. Озмунро устоди забони англисии Донишгоҳи давлатии иёлоти Вашингтон Нэнси Белл мегузаронад.Баргузории озмун ва дарёфти донишҳои нав ба устодони тоҷик на танҳо имконияти хуби омӯзонидани забони англисӣ медиҳад, балки толибилмон имкон пайдо менамоянд, ки бо ҳамсолони худ усулҳои муосири забони англисиро баррасӣ намоянд.Ёдовар мешавем, ки Сафорати ИМА бо «Мултикид» сеюмин шартнома дар бораи таҷдиди минбаъдаи барномаҳои менториро ба имзо расонидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






