Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар оғози корҳои нахустини сохтмони масҷиди ҷомеъи Душанбе
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»). 5 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмони масҷиди ҷомеъи Душанбе, ки барои 115 ҳазор намозгузоранда дар як вақт пешбинӣ шудааст, оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи сохтмони ин масҷиди ҷомеъи бузург, ки бо харҷи беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Қатар дар зарфи 3-4 соли оянда сохта хоҳад шуд, ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба экскаватор нишаста, бо кандани сангу шағал ва бор кардани он ба мошини боркаш ба омода кардани зербинои ин масҷиди бузург бевосита оғоз бахшид. Хотиррасон бояд намуд, ки санги нахустин барои сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2009 гузошта шуда буд ва то ин вақт мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону қатар ба омўзиш, таҳқиқу тадқиқ ва омода кардани лоиҳаи Масҷиди ҷомеъи Душанбе машғул буданд.Иттилоъ дода шуд, ки аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағи барои сохтмони масҷид пешбинигардида, 70 миллионаш аз ҷониби Давлати Қатар ва 30 миллион аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо хоҳад шуд. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкати ватании Сомон-сохтмон анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид аз 800 то 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корҳои сохтмону ороиш бо сифати баланди сатњи ҷаҳонӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанї, аз ҷумла сангҳои ороишии Тоҷикистон анҷом дода шаванд. Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти аносири бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 65 метра, гумбази 47 метра, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд. Тавре зикр гардид, дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд. Ба иттилои мутахассисони соҳа, ин бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар тамоми қаламрави кишварҳои пасошўравӣ хоҳад буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






