Иштироки Оқил Оқилов ва маршал М.Қ. Фаҳимхон дар маросими ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 220 киловаттаи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).Имрӯз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон маросими расмии мавриди истифода қарор додани хатти интиқоли барқи 220 киловаттаи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ баргузор шуд.
Қисмати тоҷикистонии лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти интиқоли барқи Тоҷикистон – Афғонистон дар масофаи 116 километр бар асоси созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд бо харҷи беш аз 25,9 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардида, барои интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон пешбинӣ шудааст. Сарвазири мамлакат Окил Оқилов татбиқи пеш аз мӯҳлати ин лоиҳаи бузурги минтақавиро қадами устуворе дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат арзёбӣ карда таъкид дошт, ки лоиҳаи мазкур имконияти дар мавсими гармо интиқол додани барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон фароҳам оварда, ба коҳиши талафоти барқ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар лоиҳаи мазкур имконияти ба бозори барқи минтақа ворид гардидани Тоҷикистонро афзун карда, дараҷаи мутмаинӣ ва истифодаи фаврии системаҳои интиқоли барқ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баланд мебардорад. Муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон бо ёдоварӣ аз ҷаҳду талошҳои ҳамешагии роҳбарияти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саҳмгирии фаъол дар рушди босуботи Афғонистон, мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли барқи байни ду давлати дӯсту ҳамсояи наздикро падидаи неку арзишманд дар минтақа ва нақши онро дар оянда барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии кишвараш муфиду судманд арзёбӣ кард.Ҳамин тариқ, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, махсусан ба пойдории боз ҳам бештари робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуда, дар фаслҳои баҳору тобистон дараҷаи истифодабарии нерӯгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта, заминаҳои устувору асосии хариду фӯруши яклухти минтақавии қувваи барқро таъмин менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






