Истиқболи сазовори Рӯзи Конститутсия
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои маҳаллии он бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон, таблиғ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ташаккули андешаву афкори пешрафтаи ҷавонон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ пешбинӣ менамояд.Гузаронидани машварату мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таълими ва қисмҳои низомӣ дар мавзӯъҳои «Конститутсия (Сарқонун) ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон», «Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ», «Парчам нишон аз муқаддасоти миллӣ», баргузории мусобиқаҳои варзишии оммавӣ, роҳпаймии ҷавонону донишҷӯён, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, консерти идона бо сурудҳои ватандӯстона аз ин ҷумлаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






