Истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ муҳокима шуд

Октябрь 14, 2011 17:54

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). —  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо волии Анқара Аладдин Юксел вохӯрӣ доир намуд. Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тайёр намудани мутахассисони гуногунихтисос ва бо соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи вилояти Анқара омода намудани бизнес-форум баррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни мулоқот А. Юксел ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва коркарди маъдан омодагии худро иброз дошт. Ҳамзамон, тавре  аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, волӣ ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Анқара ва Иттиҳодияи саноатчиёни Анқара ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ ва коркарди маъдан, ташкил намудани сафари соҳибкорони Анқараро ба Тоҷикистон супориш дод.

Октябрь 14, 2011 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад