Изҳороти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳои Тоҷикистон ва Беларус

Октябрь 29, 2011 13:01

Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Хонумҳо ва ҷанобон, Ҷумҳурии Беларус барои Тоҷикистон дар фазои пасошуравӣ шарики муҳимест, ки муносибатҳо бо он босуръат ривоҷ меёбанд.Мо ба ташрифи расмии Сарвари Беларуси дӯст ба кишварамон аҳмияти хоса медиҳем ва мутмаинем, ки ин ташриф ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистону Беларус такони бузург мебахшад.Муносиботи байни кишварҳоямон, ки анъанаҳои ғании таърихӣ доранд, босуръат пеш мераванд ва мо ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории самарабахшамон дар ҳамаи самтҳое, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳастанд, манфиатдорем. Ин мавқеи Тоҷикистон ҳамеша тағйирнопазир буд ва мемонад.Мо дар чаҳорчубаи гуфтушуниди Тоҷикистону Беларус дар сатҳи олӣ перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мубодилаи муфассали муттақобилан муфид намуда, вазъу дурнамои муносибатҳоро ба таври воқеӣ ва ҳамаҷониба арзёбӣ карда, шаклу самтҳои мушаххаси ҳамкориро барои оянда муайян намудем.Имрӯз мо ҳуҷҷатҳои муҳими дорои хусусияти дуҷонибаро имзо кардем. Шартнома дар бораи ҳамкории дарозмуддат то соли 2020 аз ҷумлаи онҳост. Барномаи имзошудаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ то соли 2020 стратегияи муносиботи иқтисодии миёни кишварҳоямонро муайян менамояд. Мо ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур маъқул донистем.Созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва иқтисодиёт, перомуни фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандон, дар бахшҳои фарҳангу санъат, сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷилавгирӣ ва рафъи вазъиятҳои фавқулъода заминаи ҳуқуқии рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва истифодаи самарабахши имконоти онҳоро ба нафъи халқҳои ду кишвар хеле густариш ва таҳким мебахшанд.Ҳуҷҷатҳои аз рӯи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳоямон имзошуда маҷмуан шароити мусоиди рушди муваффақонаи муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд ва шарики дарозмуддатро фароҳам меоранд.Мақсад аз онҳо, дар навбати аввал, афзун намудани самараи ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарордошта, дар амал татбиқ намудани нақшаҳои ҳамкории мутақобила ва ба онҳо бахшидани хусусияти дарозмуддату стратегӣ мебошад. Зимнан ба рушди ҷанбаи иқтисодии ҳамкории Тоҷикистону Беларус бояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.Табиист, ки мо дар ҷараёни гуфтушунидҳоямон оид ба доираи васеи мавзӯъҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ перомуни масоили ҳамкории мутақобила дар ИДМ , Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, САҲА, СҲШ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ табодули афкор намудем.Мехостам бо камоли қаноатмандӣ қайд намоям, ки мавқеъҳои Тоҷикистон ва Беларус аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки мо бо Александр Григоревич мавриди муҳокима қарор додем, ба ҳам мувофиқ ё наздик буданд. Бидуни муболиға гуфтан мумкин аст, ки дар муносибатҳои ҳарду давлат марҳилаи наве оғоз ёфт, ки барои даҳсолаи оянда пешбинӣ шудааст.Мутмаинам, натиҷаи мулоқоти Тоҷикистону Беларус дар сатҳи олӣ, ки дар вазъияти ҳамфикрии комил ва саъю кӯшишҳои муфид сурат гирифт, заминаи мустаҳаками рушду густариши минбаъдаи мушорикати бисёрҷониба гардида, ба он вусъату суръат мебахшад.

Октябрь 29, 2011 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд