Комёбии самбочиёни тоҷик

Октябрь 17, 2011 14:51

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо байни ҷавонон ва наврасон, ки дирӯз дар шаҳри Рига ба анҷом расид, пахлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни  81 килограмм соҳиби мақоми аввал гардида, бо медали тиллои мусобиқа сарфароз гардид. Ӯ ҳарифони худ- Минас Мадоянро аз Арманистон, Ризо Тсулукидзеро аз Гурҷистон ва Дмитрий Лукашинскийро аз Беларус мағлуб карда, дар вохӯрии финалӣ бар Ивайло Иванови булғор пирӯзӣ ба даст овард.Дар вазни 56 килограмм ба паҳлавони дигари мо Хушқадам Хисравов муяссар шуд, ки медали биринҷии чемпионатро сазовор гардад. Ӯ дар вохӯрии нимнихоӣ аз паҳлавони қазоқ Елеман Касумбоев мағлуб шуд.  Дар ин вазн Савва Каракизиди аз Русия чемпион гардид.Дар вазни 52 килограмм Азизи Муҳамамадризвон, дар вазни 65 килограм Умархон Баҳодуров, дар вазни 87 килограмм Қандилҷони Рустамзода ва дар вазни 74 кг Деваштич Убайдӣ дар вохӯрии аввалашон аз ҳарифон мағлуб шуданд. Зайналобудини Аъзамхон дар вазни 82 килограмм муваффақ шуд, ки ҳарифи нахустини худ Игор Книшро аз Украина мағлуб карда, аз ҳарифи дуюмаш Иля Якошук аз ҷумҳурии Беларус мағлуб шавад.

Октябрь 17, 2011 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид