Конфронси дуюми туризми тансиҳатии кишварҳои исломӣ
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 19 — 20 декабри соли 2011 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон Конфронси дуюми туризми тансиҳатии кишварҳои исломӣ баргузор мегардад.Мақсади ин конфронс муттаҳид сохтани созмонҳои тансиҳатӣ, саёҳат ва туризм, ҳамчунин дар оянда барқарор намудани робита дар бахши туризми тансиҳатӣ мебошад.Дар ҷараёни конфронс намоишгоҳҳое доир карда мешаванд, ки имконияти мавҷударо дар амри туризми тансиҳатии кишварҳои исломӣ намоиш медиҳанд. Тавре дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба конфронс намояндагони палатаҳои савдо ва саноати аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






