Конфронси инкишоф ва рушди хизматрасонии равонию иҷтимоӣ

Октябрь 20, 2011 10:52

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба кӯмакҳои равонӣ ва иҷтимоӣ  ба маъюбон ва ҷабрдидагон аз минаҳоро баргузор намуд.Конфронс дар доираи созишномаи муштараки Барномаи Рушди СММ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо бо хоҳиши иштироккунандагони конфронси якум, ки  14 — 15 декабри соли 2010 дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир шуда буд, баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат меварзанд.Конфронс бо ҳадафи рушди хизматрасонии равонию иҷтимоӣ ба зарардидагон дар Афғонистон ва Тоҷикистон пас аз баргузории конфронси якум, танзими ҳамкориҳои дарозмуддат ва муҳим дар самти кӯмак ба маъюбону зарардидагон аз минаҳо барои мутобиқсозии онон  ба душвориҳои зиндагӣ тавассути  ёрмандии равонию иҷтимоӣ бармегардад. Конфронс  имрӯз дар интернати «Чорбоғ»  кори худро идома медиҳад.

Октябрь 20, 2011 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад