Котиби давлатии ШМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Шоми 21 октябри соли 2011 Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ҳиллари Клинтон бо сафари расмӣ ташриф овард.Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол намуданд. 22 октябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии ШМА Ҳиллари Клинтон, инчунин нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Котиби давлатии ШМА дар назар аст.Барномаи сафари Котиби давлатии ШМА инчунин вохӯрӣ бо намояндагони доираҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро, ки дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар бар мегирад.
Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






