Курсҳои нави такмили ихтисоси муаллимон
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Ҳукумати ИМА ният дорад, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон барои тарҳрезии курсҳои нави такмили ихтисоси муаллимон кӯмак намояд. Дар семинари доиршуда натиҷаи санҷиши барномаю нақшаҳои нави таълимӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Семинари дурӯзаро Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо дастгирии Академияи маорифи Тоҷикистон ташкил намуданд. Мувофиқи суханони Президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова, ин ташаббус ҷузъи силсилаи семинарҳо бобати афзун намудани иқтидори фаъолият маҳсуб шуда, онро Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ тавассути Лоиҳаи таҳсилоти хушсифат ба манзури дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон бобати баланд бардоштани сифати таҳсил дар кишвар пуштибонӣ менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






