Маҷлиси Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 7 октябр, дар шаҳри Ереван иҷлосияи 66 — уми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор мегардад.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, аъзои Шӯро қариб 10 масъала, аз ҷумла вазъияти сарҳадҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ ва тамоюлҳои рушди он, натиҷаи пешакии амалиёти махсуси муштарак ва чорабиниҳои фаврии профилактӣ, ҷараёни кор бобати ташкили системаи автоматии мубодилаи босуръати иттилоот, лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки фаъолияти Шӯроро танзим менамоянд, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар маҷлис ҳамчунин бояд эҳтиёҷот ба расонидани кӯмаки моддию техникӣ ба идораҳои сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон, фаъолияти илмию тадқиқотӣ дар чаҳорчӯбаи Шӯрои фармондеҳон, лоиҳаи Низомномаи Машварати доимии роҳбарони сохторҳои кории мақомоти ИДМ баррасӣ шавад. Ғайр аз ин Нақшаи кори Шӯро барои соли 2012 ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор мегиранд.Хотирнишон месозем, ки Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, ки 6 июли 1992 таъсис ёфта буд, ҳамоҳангсозии ҳамкории байнидавлатӣ дар бахши ҳифзи сарҳадҳоро таъмин менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






