Мардум чанд рӯз истироҳат мекунад?
Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар рӯзҳои таҷлили ду иди барои миллати тоҷик бузургу муқаддас -Рӯзи Конститутсия ва иди Курбон, ки ба 6-7 ноябр рост меоянд, кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба истиснои кормандони бахши маориф ва тандурустии кишвар (омӯзгорон ва духтурон) чор рӯз – 5, 6, 7 ва 8 –уми ноябр истироҳат мекунанд. Яъне, 5 ноябр барои муаллимону духтурон рӯзи корист». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Баҳриддин Набиев, сарнозири ҳуқуқи Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.Баҳриддин Набиев афзуд, ки соли равон Рӯзи қабули Конститутсия 6 ноябр ба рӯзи истироҳат, якшанбе рост меояд. Аз ин рӯ, бар асоси моддаи 83-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, он ба рӯзи аввали кории баъди ид гузаронида мешавад.Сарнозири ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, ҳамзамон афзуд, ки дар ин масъала шояд Ҳукумати мамлакат қарор низ қабул намояд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






