Мардум ташвиш накашед, об арзон аст !

Октябрь 13, 2011 11:31

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз нимаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ сар карда,  корхонаи давлатии обу корези Душанбе  «Душанбеводоканал» қимати оби ошомиданиро барои ҳар як сокини пойтахт 3 сомонию 70 дирамӣ ҳисобӣ мекунад,- иброз доштанд дар шӯъбаи муҳосиботи корхона ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти  мутахассиси корхонаи мазкур, нархи оби ошомиданӣ дар Душанбе нисбат ба ҳамаи марказҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ арзон аст. Ин суханон  дар мавриде гуфта мешаванд, ки оби ошомиданӣ дар Ишқобод – пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон барои сокинонаш  ройгон буда ва   дар Олмон 30 фоизи маоши мардум барои хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла барои об масраф мегардад.   Дар Душанбе на ҳамаи мардуми дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ дошта аз оби ошомиданӣ дуруст истифода карда метавонанд. Ҳол он ки Тоҷикистон баъди Русия аз ҷиҳати захираи об дар ҷойи дуюм меистад.Дар шӯъбаи муҳосибот сабаби боло бурдани қимати обро дар баланд шудани нархи барқ ва дастгоҳу воситаҳои обтозакунӣ, ки аз хориҷи кишвар ба нархи қимат ворид шудаанд, медонанд.-Як сомонӣ зиёд кардани қимати об набояд боиси ташвиши мардум гардад, муҳим он аст, ки мардум бо оби тозаи ошомиданӣ ба тарзи доимӣ таъмин бошанд,- иброз дошт сокини шаҳраки «Гипрозем» Саид Носиров ҳангоми  сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».

Октябрь 13, 2011 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад