Мероси адабии Мирзо Турсунзода ва мавқеи он миёни тамаддуни ҷаҳонӣ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бахшида ба бузургдошти қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуб устод Мирзо Турсунзода ва омӯзиши ашъори пурғановати ӯ дар Коллеҷи фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.Тадбири фарҳангии устодону толибилмони Коллеҷи мазкур бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба гузаштагон оғоз гардид.Баъди қироати ашъори Мирзо Турсунзода қисмати асосии чорабинӣ, ки аз омӯзиш ва муҳокима иборат буд, бо ҷалби шоирону нависандагон доир гардид.Дар чорабинии фарҳангӣ мероси гаронбаҳои устод Мирзо Турсунзода, ки саршор аз ватандӯстист, дар маърӯзаҳои пурмазмуни иштирокчиён хуб инъикос ёфт.Дар ҷамъомад бахшида ба бузургдошти Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки бо 20-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ рост омад, аз ҷониби донишҷӯён достон, порчаҳои шеърӣ ва мисраъҳои эҷодиёти гаронарзиши ӯ бо таҳияи барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ бори дигар муаррифӣ гардид.Бояд гуфт, ки миллати фарҳангпарвари тоҷик дар баробари омӯзиши беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарб, таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро низ пос медорад.Умед аст, ки бузургдошти санаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнвораҳои мутафаккирони гузашта дар ташаккули маънавиёту фарҳанги миллӣ, ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии насли ҷавон замина мегузорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






