Муҳокимаи фаъолияти ширкати муштараки дорусозии Тоҷикистону Ҷопон
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 9 октябри соли ҷорӣ дар Кувайт мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Котиби Парлумон, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Казуюк Хамад баргузор гардид.Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ миёни ҳарду кишвари дӯстро қаноатбахш рзёбӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ҷопон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), изҳори омодагӣ кард.Ҳамчунин дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба, бахусус фаъолияти нахустин ширкати муштараки дорусозии Тоҷикистону Ҷопон “Аввалин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






