Муҳокимаи хатари башарӣ — нашъамандӣ

Октябрь 31, 2011 11:47

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо сардори қисми сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар назди Хадамоти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Риина Кионка ва Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел мулоқот намуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин  сардори Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, сардори Шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай ва Мушовири масъалаҳои ҳуқуқи инсон хонум Одроне Перкаускиене иштирок намуданд.Зимни мулоқот директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки Ҳукумати ҶТ дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфтанд.Зимнан зикр гард, ки хонум Риина Кионка хабар доданд, ки мақсади ташрифи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи чоруми муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ҳамзамон ҳайати мазкур  бо мақомоти марбутаи кишвар сари мавзӯъи ҳуқуқи инсон сӯҳбат хоҳанд кард.Дар фарҷоми мулоқот Рустам Назаров таъкид кард, ки дар кишвар талаботи ҳамаи аҳдномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя мешавад.

Октябрь 31, 2011 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид