Муҳокимаи истифодаи захираҳои таҷдидшаванда дар Тоҷикистон

Октябрь 14, 2011 14:29

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Мудири кулли Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) Уго Лукас вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ инчунин роҳбарони раёсатҳои асосии Агентӣ – Муҳаммад ал-Франаванӣ – Сардори Раёсати мақомоти роҳбарикунанда, Халифа Драммеҳ – мушовири калони Барнома оид ба Африқои Шимолӣ, Себастян Степникӣ – корманди масъули Лоиҳаи дастгирии мақомоти роҳбарикунанда иштирок доштанд. Тавре  аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо иқтидори бузурги истифодаи захираҳои таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ва гузариш ба ояндаи энергетикии боз ҳам устувори кишварро бо қаноатмандӣ қайд намуданд. Иштирокчиёни мулоқот масоили ҳамкории оянда ва роҳҳои эҳтимолии барқарорсозии муносибатҳои наздик ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистон ва IRENA-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд. Қобили зикр аст, ки Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) соли 2009 таъсис гардидааст. Қароргоҳи Агентӣ дар Абу-Заббӣ воқеъ буда, бо мурури замон IRENA ба шаҳри сармоягузории  Масдар Сити, ки ҳоло мавриди сохтмон қарор дорад, интиқол дода мешавад. Ҳоло 155 кишвари ҷаҳон бо Агентӣ ҳамкорӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни аввалинҳо ба Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи таҷдидшаванда (IRENA) ҳамроҳ шуд.

Октябрь 14, 2011 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд