Муҳокимаи вазъи бозори қоғазҳои қимматбаҳо

Октябрь 18, 2011 13:11

Душанбе, 18  октябр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). – 17  октябр  дар Вазорати  молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  семинар – машварат  дар  мавзӯи  «Ташкили  бозори  қоғазҳои  қимматбаҳо  ва  фаъолияти  ниҳодҳои он»  баргузор  гардид. Тавре  дар  Вазорати  молияи  мамлакат  ба  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  доданд,  дар   семинар намояндагони  вазорату идораҳои  ҷумҳурӣ,  ассосиатсияҳои  бонкҳои  Тоҷикистон,  ҳамчунин иштирокдорони  касбии  бозори  қоғазҳои  қимматбаҳо,  ширкатҳои литсензиядори иштироккунандаи   бозори  қоғазҳои  қимматбаҳо,  намояндагони  бонкҳои  тиҷоратии ҷумҳурӣ ва  ҶСК «НОБ – и Роғун»  ширкат  доштанд. Мувофиқи  суханони  манбаъ,  дар  ҷараёни  семинар  масоили  вазъи  ҳозираи  бозори қоғазҳои  қимматбаҳо  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  дурнамои  рушди  он,  ҳамчунин  масъалаҳои  марбут ба  бозори  бунёди интиқоли аксияҳои  ватанӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.Дар  чаҳорчӯбаи  семинар  ҳамчунин  гузоришҳо  дар  мавриди   бозори  сармоя   дар  давлати  Лаҳистон,  ҳамчунин  мақоми Ассосиатсияи  иштирокдорони  касбии  бозори  қоғазҳои  қимматбаҳо  дар  амри  рушду  густариши  бозори  қоғазҳои  қиматбаҳо  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон баррасӣ  шуданд.

Октябрь 18, 2011 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад