Мулоқоти Э.Раҳмон бо А.Данкан

Октябрь 18, 2011 07:46

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўзи 17 октябр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данканро ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ кард.Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кўмакҳои техникӣ  арзи сипос карда, ҳамзамон аз кўмакрасонӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна гузаштанро зарур шуморид. Барои ин ба имзо расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукурата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя матлуб дониста шуд. Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 18, 2011 07:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд