Мурофиаи судӣ доир ба мувофиқати баъзе меъёрҳои Кодекси манзил ба Сарқонуни ҶТ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 3 октябр дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оид ба дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ М. Маҳмудов ва Э. Маҳмудов «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, ҳамчунин намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ваШўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд. Дархостчиён даъво намуданд, ки омӯзиши қонунгузории давлатҳои дигари собиқ шӯравӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон каме мухолифат мекунад. Мурофиаи судӣ перомуни масъалаи мазкур таҳти раёсати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов ҳаматарафа баррасӣ гардида, зикр шуд, ки Конститутсияи ҶТ дар баробари кафолати ҳуқуқи молу мулкии инсон ва шаҳрванд тамоми дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро низ кафолат дода, дар миёни онҳо оиларо ҳамчун асос ва рукни муҳимтарини ҷомеа эътироф намуда, ҳифзи он, ҳамчунин ҳимоя ва ғамхории махсусро нисбат ба модару кўдак аз вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ менамояд, зеро тибқи талаботи қисми 3-уми моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Оила- рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳақ дорад».Бинобар ин иштирокчиёни суд ба хулоса омаданд, ки қоидаи рафтори дар моддаҳои 121 (Аъзои оилаи молик) ва 122 (Ҳуқуқ ва вазифаҳои оила ва аъзои собиқи оилаи молик) Кодекси манзил пешбинигардидаро ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи конститутсионии шахсро ба моликият эълон медорад, мухолиф гузоштан нашояд, зеро дар ҳолати дар боло зикршуда маҳдуд кардани ҳуқуқи молик ба манзил барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шахсони ба сарпаноҳ, ғамхорӣ ва тарбияву дастгирӣ мўҳтоҷ ва ҳамчунин шахсони ба ин манзил алоқамандӣ ва ҳуқуқи истифодабарӣ дошта равона гардидааст.Бо назардошти ин, Суди конститутсионӣ бо қарори худ моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзил ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ҳисоб намуд.Ҳамзамон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли масъалаи мазкур масъалаҳои вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, тартиби мавҷудаи маскун кардани аъзои оилаи молик ва ҳуқуқи онҳоро ба истифодаи манзили молик мавриди назар ва баррасӣ қарор диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






