Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гиромидошти хотираи Ҷ. Давлатов

Октябрь 26, 2011 12:33

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ). —  Кумитаи  ҷавонон, варзиш  ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади  татбиқи  сиёсати   давлат дар  самти   варзиш ва тарғиби  гӯштини  миллӣ 5-6 ноябри  соли равон  мусобиқаи  кушоди  ҷумҳуриявӣ   гӯштини  миллиро ба гиромидошти  хотираи Ҷангихон Давлатов мегузаронад. Дар  чорабинӣ  ҳайати  дастаҳои  шаҳри  Душанбе, ВМКБ,Суғд, Хатлон, шаҳру  ноҳияҳои  тобеи  марказ, водии Рашт ва  Фархор ширкат  хоҳанд  кард.Ҳайати   дастаҳо аз  10  варзишгар, 1  мураббӣ ва  як  довар иборат  аст. Дар  мусобиқа  варзишгарон  аз рӯи  вазнҳои  50,  60, 65, 70, 75, 80,  86,  95 килограмм ва  вазни мутлақ қувваозмоӣ  менамоянд.Ғолибон  ва  ҷоизадорони  мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ  бо  дипломи  ва  медалҳои  Кумитаи  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии   назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз  мегарданд.

Октябрь 26, 2011 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад