Нозироти қатъии кумитаи заминсозӣ нисбат ба истифодаи замин

Октябрь 4, 2011 09:54

Кӯлоб, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини  Кумитаи  заминсозии  ноҳияи  Данғара   якчанд  қонунвайронкунандагони  заминро  ҷарима бастанд. Сайид  Сафаров,  раиси  Кумитаи  заминсозии  ноҳия дар робита ба  ин  мавзӯъ  гуфт, ки  дар  ин  давра  аз тарафи  нозирон 58 нафар қонуншиканон ошкор гардиданд, ки   ба онҳо  баҳри бартараф  кардани  камбудиҳо  супориш дода шуда,  47  нафари онҳо ба  ҷавобгарии  маъмурӣ  кашида,  аз ин  ҳисоб  ба  суратҳисоби  кумита  15 ҳазору 340 сомонӣ  ворид  гардид. Ба  гуфти  манбаъ,  аксари  қонунвайронкунандагон  аз сабаби риоя  накардани  ҳуқуқи  моликияти  давлатӣ ба  замин,   риоя  накардани  тартиби  ҳифз  ва  истифодаи  замин, истифодаи  замин  бе  ҳуҷҷатҳои  тасдиқгардида, худсарона  иваз  кардани  замин,  саркашӣ  аз  бақайдгирии  замин ва  дигар  ҳуқуқвайронкуниҳо ҷарима баста  шудаанд.

Октябрь 4, 2011 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад