«Нурафзо»- ташхисгари беҳтарин
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Маркази ташхиси «Нурафзо» дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дорои технологияи муосири ташхис, аз қабили дастгоҳи магниту резонансии «Магнитом-С», ултрасадо ё худ УЗИ, компютери томографӣ, рентген ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ мебошад. Масъулини Вазорати тандурустӣ зимни ифтитоҳи Маркази мазкур иброз доштанд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо бунёди чунин марказҳо сатҳи хизмарасонии тиббӣ дар мамлакат беҳтар гардид. Дастгоҳҳои муосири ташхис, ки имрӯз дар марказ мавҷуданд, истеҳсоли ширкатҳои соҳибнуфузи Олмону Амрико ва Ҷопон мебошанд. Ба гуфти табибон компютери томографие, ки дар ин ҷо насб гардидааст, метавонад дар як сония 16 ҳолати узви бадани инсонро аксбардорӣ намуда, ҷойҳои нуқсдоштаро муайян созад. Дастгоҳи магниту резонансии «Магнитом-С» то ин замон дар ҷумҳурӣ як адад буд. Пештар беморон барои ташхиси майнаи сар ва сутунмӯҳра ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, ки он хароҷоти зиёди молӣ дошт.Дар Маркази ташхиси «Нурафзо» беморони гирифтори буғумдард, бемориҳои ҷигару талхадон, меъдаву рӯда ва гурда ташхис карда мешаванд.Дар оянда муассисони ин Марказ ният доранд барои осонии кори табибону беморон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет маркази ягонаи иттилоотиро таъсис диҳанд, ки дар он таърихи рӯз ва натиҷаи ташхис, роҳҳои табобат ва дигар маълумоти зарурӣ дар бораи бемор сабт мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






