Омӯзиши самараноки оид ба фотожурналистика ва аксбардории мустанад
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). — Бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши самараноки фотожурналистика ва аксбардории мустанад «Simple Photography» ташкил мешавад..Ҳадафи асосии чорабинии мазкур омӯзиш ва ҷалби таваҷҷӯҳи рӯзноманигорону аксбардорони ҷавони умедбахш ва суратгирони ҳаваскор аст, ки мехоҳанд малакаи касбии худро сайқал диҳанд. Омӯзиши самаранок аз чанд ҷанбаи аслӣ – асосҳои аксбардории мустанад, суратгирӣ ҳамчун санъат, таърихи ташаккули аксбардории рақамӣ ва таҷҳизоти муосир ва малакаи таҳрири суратҳо иборат аст. Ҳамчунин иштирокчиёни омӯзиш бо асосҳои пешбурди фаъолияти аксбардорӣ дар сомонаҳои касбӣ ба таври ройгон шинос мешаванд. Дар омӯзиш 15 нафар иштирок мекунанд, ки ба тариқи озмун аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб шудаанд. Ба ҳайси омӯзгори байналхалқӣ аксбардор ва наворбардори филмҳои мустанад Рӯзбеҳ Қосимӣ даъват шудааст. Ӯро дар омӯзиш омӯзгорони маҳаллӣ Нозим Қаландаров, аксбардори медиагурӯҳи «Азия Плюс» ва Амир Исоев, мутахассиси дизайн ва аксҳои рақамӣ ҳамроҳӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






