Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Октябрь 7, 2011 10:53

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо ҳадафи таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ҳамзамон хубу беталаф гузаронидани фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд чораҳои мушаххас меандешанд. Корхонаи фаръии шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Хуҷанд дар мавсим дегхонаҳои Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ, беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-ро бо сӯзишвории алтернативӣ, яъне ангиштсанг ба кор омода намуд. Инчунин дегхонаи беморхонаи клиникавии рақами 2-юми шаҳр барои истифода тайёр мебошад. Тибқи нақша-чорабинӣ аз ҷониби муассисаи кабудизоркунӣ бояд 80 метри мукааб ҳезум захира мекард. Вале то имрӯз 13 метри мукааб ҳезум захира шудаасту халос. Аз тарафи корхонаҳои давлатии истифодабарии манзили соҳили чапу рости Сирдарё ба масоҳати 11 ҳазору 460 метри мураббаъ таъмири боми хонаҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон ин кор дар масоҳати 8 ҳазору 70 метри мураббаъ иҷро гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои омодагии саривақтӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2011-2012 дар мадди назари кормандони ситоди шаҳрӣ таҳти сарварии Раиси шаҳр Содиқ Мирхолиқов қарор дошта, корҳои нақшавӣ тадриҷан амалӣ мешаванд.

Октябрь 7, 2011 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад