Расму оинҳо танзим мешаванд

Октябрь 10, 2011 13:51

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Дар  толори Кохи  ҷавонони  шаҳри  Хоруғ вохӯрии  намояндагони  Раёсати  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросимҳои  Кумитаи  кор  оид ба  дини  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  донишҷӯёни  Омӯзишгоҳи тиббии  шаҳри  Хоруғ баргузор  гардид. Зимни  вохӯрӣ  рафти  риояи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросимҳо»  мавриди  таҳлилу  баррасӣ  қарор   дода шуд. Тибқи  суханони намояндаи  Кумитаи  оиб  ба  дини  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир  Рашидов  тӯли  чаҳор соле, ки   қонуни  мазкур   мавриди   амал  қарор  дода шудааст, ба буҷаи  оилавии   шаҳрвандон аз  ҳисоби  сарфакорӣ  14  миллион  сомонӣ  фоида  расидааст. Зикр   гардид, ки  дар  баробари  ин  ҳанӯз  дар  саросари  ҷумҳурӣ  дар  ин  самт   қонуншиканиҳои  зиёде ба  назар  мерасанд, ки  қисмати  бешашон аз  ҷониби   ашхоси  мансабдор  содир  мешавад.

Октябрь 10, 2011 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад