«Роғун — ифтихори миллат»

Октябрь 4, 2011 09:15

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Нашриёти «Адиб»     ҳафтаи гузашта якчанд китоби навро  чоп намуд.Аз ҷумла, китоби нависанда Раҷабалӣ Аҳмад таҳти  унвони «Роғун- ифтихори миллат»  нашр гардид. Китоб аз очерку публисистика иборат буда, ба чор бахши алоҳида ҷудо шудааст.Дар ин бахшҳо маводе ҷо гирифтаанд, ки перомуни фидокорӣ, корнамоиҳои диловаронаи бинокорони сарбаланди нерӯгоҳи бузурги аср сухан мегӯянд. Муаллиф гуфтору рафтори қаҳрамонҳояшро дар рӯҳи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ нисбат ба Ватан ва халқ ба қалам додааст.Мутолиаи ин китоб барои наслҳои имрӯзу фардо аз манфиат холӣ нест.«Назокати Роҳат» китоби дуюми  шоираи ҷавону умедбахш Гулнисои Ато мебошад, ки  ба табъ расид. Китоб аз шеърҳое, ки ба мавзӯъҳои муҳаббату ҷавонӣ, муҳаббат ба Ватан, модар, ваҳдату истиқлолият бахшида шудаанд, иборат аст.Китоб дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст.

Октябрь 4, 2011 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид