Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Октябрь 21, 2011 15:58

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). –  Имрӯз,  21  октябр,  дар  шаҳри  Душанбе  ҷаласаи  даҳуми ҷашнии  Шӯрои  роҳбарони  мақомоти  муҳоҷирати  давлатҳои  аъзои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил   баргузор  гардид. Дар  кори ҷаласа  намояндагони  мақомоти  муҳоҷирати  давлатҳои  аъзои  ИДМ,  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ ва Конфедератсияи  умумии иттифоқҳои  касаба, ҳамчунин  раиси  Кумитаи  оид ба  миллатҳои Думаи  давлатии  Федератсияи  Русия  Михаил  Старшинов иштирок намуданд. Ҷаласаро бо  сарсухан сардори шӯъбаи  шуғли  аҳолӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  дастгоҳи  Иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Алишер Ёрбобоев ҳусни ифтитоҳ  бахшид.  Дар  ҷараёни  ҷаласа  ба  аъзои Шӯро  Ифтихорномаҳои  Кумитаи иҷроияи  ИДМ  супурда ва Сипосномаи  раиси Кумитаи  иҷроия – Котиби  иҷроияи  ИДМ С.Лебедев қироат  шуд.Дар  ҷаласа  вазъи  муҳоҷират  дар  давлатҳои  Иттиҳод,  натиҷагирии  татбиқи «Барномаи  ҳамкорӣ  дар  мубориза бо  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ барои  солҳои  2009 – 2012»  ва  тайини   самтҳои  ҳамкориҳои  минбаъда  баррасӣ  шуд. Иштирокдорони  ҷаласа  ба  масоили  ҳамкориҳои  мақомоти  муҳоҷирати  давлатҳои  аъзои  ИДМ  якҷоя бо  ҷамъиятҳои  миллӣ ва  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  ба  манзури  дастгирии  шаҳрвандони  давлатҳои  аъзои  ИДМ, ки  дар  ин  кишварҳо фаъолияти  муваққатӣ  доранд, аҳамияти  бештар  доданд. Дар  хотима  иштирокдорони  ҷаласа барои  пазироии  самимонаю  дӯстонаи Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон изҳори ташаккур  намуда, инчунин таҳти  роҳбарии Хадамоти  муҳоҷирати  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  сатҳи баланд  баргузор  шудани  чорабинии  мазкурро  иброз  доштанд.

Октябрь 21, 2011 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад