Сӯҳбати Ҳ.Зарифӣ бо сафири нави Ҷопон
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – 20 октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири нави Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаши дар шаҳри Душанбе масоили дурнамои рушди муносиботи дуҷониба ва роҳандозӣ намудани ҳамкории бисёрҷониба ва мутақобилан муфиди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопонро мавриди муҳокима қарор доданд.Сафири Ҷопон сипосномаи вазири корҳои хориҷии Ҷопон Коичиро Гембаро барои муборакбодӣ ба муносибати ба мансаби олӣ ворид шуданаш супурд.Дар ҷараёни сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар чаҳорчӯбаи иҷрои вазифааш дар шаҳри Душанбе ба рушди муносиботи дуҷонибаи байни Ҷопону Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






