Санҷиш дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти спиртии вилояти Суғд

Октябрь 21, 2011 13:54

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Яке аз самтҳои фаъолияти кормандони мақомоти андоз ин назорати маҳсулоти  зераксизӣ дар нуқтаҳои фурӯши бозорҳову марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.  Дар ин робита мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳама гуна амали ғайриқонунӣ дар бобати фурӯш ва истеҳсоли молҳои зераксизӣ  дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти спиртии шаҳру навоҳии вилояти Суғд корҳои назоратӣ гузарониданд.  Рафти корҳои назоратӣ  аз ҷониби мутахассисони дастгоҳи марказии Кумитаи андоз  нишон дод,  ки қаблан барои риоя нагардидани талаботи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандагони ин намуди андоз гарчанде аз тарафи  гурӯҳи корӣ  ба маблағи 10 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ   шуданд, вале то ҳанӯз ин камбудиҳо роҳи ислоҳи худро наёфтаанд.Аз ҷумла, дар ҶДММ “Дружба” ҳангоми санҷиши муштарак   бо кормандони Раёсати андоз дар вилояти Суғд маълум шуд, ки ҳарчанд ба корхона аз ҷониби мутахассисон барои ислоҳи  камбудиҳо борҳо огоҳинома ирсол шудааст, аммо шахсони мутассадӣ ба як хулосаи зарурӣ наомада, ҳисобкунаки дорои хотираи фискалиро дар хатти асосии резишгоҳи  истеҳсолӣ насб накардаанд, бар замми ин  корхона ба буҷа ҳамагӣ маблағи 1000 сомонӣ  аз ин намуди андоз дар моҳи сентябр пардохт кардаасту халос. Гарчанде ки  зимни санҷиши  қаблӣ  дар моҳи майи соли ҷорӣ барои риоя накардани қонунҳои амалкунанда роҳбари корхона  ба маблағи 1050 сомонӣ ҷарима шуда бошад ҳам, вале  масъулини ҷамъияти мазкур барои  ислоҳи  ин камбудиҳо  тадбири мушаххас  наандешидаанд.Дар натиҷа аз тарафи мутахассисон резишгоҳи истеҳсолӣ мӯҳрбандӣ гардид ва ба роҳбари корхона  Азиз  Раҷабов барои риоя накардани талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 3  моддаи  599 такроран  ба маблағи 1050 сомонӣ ҷаримабандӣ баста шуд.Ҳамин ҳолат дар ҶСП “Умар”,  ки ин корхона низ ба Азиз Раҷабов тааллуқ дорад ва дар қайди Нозироти андози  ноҳияи  Б. Ғафуров мебошад,  ошкор гардид, ки аз автомашинаи шахсии Назаров Шарифҷон, истиқоматкунандаи  шаҳри Қайроққум, кӯчаи Назаров ба миқдори  50 литр  оби ҷав, ки  арзиши он 100 сомониро ташкил менамояд, мусодира шуда, муваққатан  аз муомилот ва фурӯш боздошт гардид. Корхонаи мазкур низ дар ҳисоботи худ ҳаҷми истеҳсол ва  фурӯши маҳсулотро нопурра нишон дода,  маблағи андози  аксизиро ба буҷа кам пардохт намудааст.                                              Дар корхонаҳое,  ки ба истеҳсол ва фурӯши нӯшобаҳо машғуланд, санҷиш муайян намуд, ки дар аксарияти нуқтаҳои савдо  маҳсулоти онҳо ба фурӯш гузошта шудааст, аммо дар ҳисоботе, ки ба мақомоти андоз пешниҳод менамоянд, истеҳсол ва фурӯши он нокифоя дарҷ гардида, маблағи ночизи андози аксизӣ ба буҷа  пардохт  шудааст. Нисбат ба ҳамаи ин қонуншиканиҳо аз тарафи гурӯҳи корӣ чораҳои дахлдор дида шуда, андозсупорандагон барои ислоҳи амали хеш ба пардохти маблағҳои муқаррарӣ  ӯҳдадор  шуданд. Дар натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи андоз ва Раёсати андоз дар вилояти Суғд  ба миқдори умумии 8 ҳазору 985 шиша машруботи  спиртии бе тамғаи аксизӣ ва насби нодурусти тамға дар зарфҳои ғунҷоишашон гуногун таҳти мусодира  қарор гирифт. Аз ин миқдор 7 ҳазору 312  шиша машруботи спиртӣ  барои ташхису коркард ба ҶСШК “Сомғор”  супорида шуд.

Октябрь 21, 2011 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!