Шаҳрвандони Қазоқистон тартиботи ҷамъиятиро риоя накарданд
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 18 октябри соли ҷорӣ соати 21.00 дар кӯчаи С. Носири назди осорхонаи С.Айнии пойтахт шахсони номаълум тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, шаҳрванд А. Расулови 18- соларо лату кӯб намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошт.Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Зимни дидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои содир намудани ин ҷиноят чор шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистонро ҳамчун гумонбар дастгир карданд. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






